Вазири маориф: аз коронавирус бештар аҳли зиё зарар диданд

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, дар пайи бемории коронавирус аз ҳама бештар қишри зиёиён талаф дидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеяш изҳор дошта, гуфт, аз ҳама қишри осебпазир дар ин беморӣ аҳли зиё буд.

Камтар шуд: Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, марг ва шифоёбӣ аз коронавирусро гуфт

Вазири маориф гуфт, сабабаш низ маълум аст ва мардуме, ки эҳсосӣ, донишманд ва ақлониву зеҳнӣ ҳастанд, ҳама чизро бо дард қабул мекунанд.

Ӯ гуфт, дар ҳамин радиф низ шояд аҳли илму маориф бештар бошад, нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа.

Имомзода гуфт, дар бораи фавти кормандони маориф омори дақиқ дар даст надорад, аммо зиёд медонад, киҳо фавтидаанд.

Ба гуфти ӯ, ин оморҳо дар Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ ҳастанд.

Бино бар пояи оморҳои ахир, дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6741 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5431 нафар ё худ 80,5 дарсади гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.