Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро ба АМА дубора барқарор мекунад

Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро бо Амороти Муттаҳидаи Арабро дубора оғоз мекунад, аввалин парвоз дар ин масир 21 июл сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб сар аз 21 июли соли ҷорӣ парвозҳоии мунтазами байналмилалиро дубора ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад “Ховар” бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

Черногория марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

Ёдовар мешавем, ки аз 20 март тамоми парвозҳои муқаррарии байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва аз ин ҷо ба хориҷ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан қатъ карда шуда буд.

"Аз 21 июли соли 2020 парвозҳои мунтазами байналмилалии байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар масири Душанбе - Дубай - Душанбе тибқи талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ аз нав барқарор карда мешаванд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти вазъи эпидемиологӣ бо COVID-19, мусофирон бояд талаботи Аморати Муттаҳидаи Арабро нисбати шаҳрвандони хориҷӣ риоя кунанд.

Ҳамзамон, барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон мусофирон, ки ба кишвар ворид мешаванд, бояд талаботи санитарӣ-эпидемиологиро риоя кунанд.