Пешниҳоди 104 миллион доллар барои таъмини талабот дар Тоҷикистон ба пули ИМА

Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, тайи 6 моҳи гузашта барои таъминоти бозор ба доллари ИМА беш аз 104 миллион доллар вориди бозор карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Нуралиев зимни ҷаласаи васеъ бо иштироки бонкдорон изҳор дошт, ки аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ барои таъмини талаботи бозори байнибонкӣ бо доллар, аз ҷумла барои таъмини эҳтиёҷоти ниёзи аввалияи мардум ба маблағи 104,3 миллион доллари ИМА мудохила анҷом дода шуд.

1 доллар баробари 10,2 сомонӣ: Бонки миллӣ қурби асъорро эълон кард

Ӯ афзуд, ки инчунин барои дастгириии иқтисодиёти кишвар дар давраи пандемия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Ба иттилои котиботи Бонки миллӣ, дар ҷаласаи васеъ баланд бардоштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ шудааст.

Нуралиев изҳор доштааст, ки  “новобаста ба шароити душвор барои иқтисодиёти ҷаҳон, ки ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд, мо бояд барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас, дастовардҳо ва муваффақиятҳои бештар кӯшиш кунем ва бо ин васила, ба эътимоду боварии мардум сазовор гардида, нуфузи низоми бонкии кишварро боло бардорем ва онро устувор нигоҳ дорем”.

Таъкид шудааст, ки самаранокии низоми идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, андешидани тадбирҳо барои зиёд кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, кам кардани қарзҳои ғайрифаъол ва пешгирии баландшавии хавфи қарзӣ, корбарӣ дар самти ҷалби бештари сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ ва мустаҳкам намудани заминаи сармоявии бонкҳо бояд амалӣ карда шавад.