Панҷ сол ҳукми зиндони ҷавони 26 солаи пойтахт барои ғорати мағозаи “Эксклюзив”

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як ҷавони 26 соларо бо ҷурми дуздӣ барои панҷ сол равонаи зиндон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ шаҳрванд И.И.Ф. дар ғорати мағозаи “Эксклюзив”, воқеъ дар кӯчаи Дустии Халқҳои пойтахт муттаҳам мешавад.

Боздошти ҷавони 25 сола ба гумони дуздӣ: Ӯ хазинаи “Рахш” ва “Ғалаба”-ро холӣ кард

Манбаъ мегӯяд, муттаҳам сокини пойтахт буда, 27 феврали соли 2019 аз ҷониби ҳамин додгоҳ ба муҳлати 4 солл равонаи зиндон шуда, 25 октябри соли 2019 тариқи авф озод шудааст

Дафтари матбуотии додгоҳ мегӯяд, судшуда санаи 05 апрели 2020 тахминан соатҳои 02:30 дақиқаи шаб дари мағозаро, ки ба шаҳрванд С.А.А.таалуқ дорад, шикаста, аз дохили он либосҳои мардона дар намуди пойафзол, кулоҳ, пиджак, либоси варзишӣ, шим, майка, курта ва тасмаро бо тариқи пинҳони тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ либос рабудааст.

Худи боздоштшуда дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, чунин корро дар сархушӣ анҷом дода, молҳои рабудаашро дар хонаи писари холааш пинҳон, вале пас аз чанд соат аз суи кормандони пулис боздошт мегардад.

Ҳукми сарбоз барои дуздӣ ва фирор аз хизмат

Гуфта мешавад, маҳкумшуда аз мағоза либосу пойафзолҳои табғаҳои машуҳри  “Stefano Ricci” , “MMA Sportmen” , “Jack Zeo” , “ New Yu King” , “ Simons park” , “Climber” , “ Bagozza” ва  “ Daniel Rabetti”-ро рабудааст.

Аз ҳаҷми умуммии молҳои дуздидашуда тавонистаанд 70 ҳазору 800 сомонии онро ба ҷабрдида баргардонанд ва 79 ҳазору 200 сомонии дигар ба души маҳкумшуда гузошта шудааст, мегӯяд манбаъ.

Милисаҳои Душанбе зани 55-соларо ба иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд

Додгоҳ дар пайи баррасии ҳолати мазкур бар асоси банди “а” қисми 3-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам И.И.Ф-ро барои 5 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.