Иттиҳоми нав дар парвандаи Хӯҷа Командир: ба пой ва бадани марди 62 - сола тир холӣ кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз як ҷинояти собиқ фармондеҳи Фронти халқиро ошкор намудааст. Хӯҷа Командир дар сӯиқасд ба ҷони марди 62 - сола гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия муайян намуданд, ки пешдастгиршуда марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон дар сӯиқасд ба ҷони  сокини 62 - солаи деҳоти Ҳилолӣ даст доштааст.

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 31-уми сентиябри соли 1992, дар дохили МТМУ №20-и деҳаи Қизил-қалъа, ситоди фронти халқӣ созмон дода, бо истифода аз силоҳи оташфишон бо мақсади ба қатл расонидан ба пойҳо ва аъзои бадани марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур тир паррондааст.

Боз хабар медиҳем: ВКД лаҳзаи истирдод ва бозпурсии Хӯҷа Командирро нишон дод - Навор

Манбаъ меафзояд, ҷони ҷабридидаро худи шахсони дар ситод ҳузур дошта аз марг наҷот доданд.

"Онҳо дар ғоибии гумонбаршаванда ба ҷабридида ёрии аввалини тиббӣ расонида, хунравии пойҳои ӯро боздоштаанд", - таъкид имешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 15 қисми 2 ва 104 қисми 2 бандҳои "г" ва "д" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ВКД дар гузоришҳои қаблиаш низ Хӯҷа Каримов, як фармондеҳи собиқи Фронти халқиро, ки моҳи феврал аз Дубай истирдод шуд, бидуни зикри номи ӯ "марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон" ном мебарад. 

Хӯҷа Каримов яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ ба шумор рафта, дар қатли даҳҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад.