Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ

Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон аз боздошти Ҷурахон Азимов хабар медиҳад, ки даст ба қаллобӣ ва сохтакорӣ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои давфтари матбуотии агентӣ, Ҷурахон Азимов дар вазифаи директори ҶДММ “Муҳаммадҷон 2011” кор карда истода, даст ба қаллобиву сохтакории ҳуҷҷат задааст.

Аз андоз сарпечӣ кард: Ожонси зидди фасод намояндаи "Озод сохтмон"-ро дастгир кард

Ба иттилои манба, ӯ аз шаҳрванд Сафаров О. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ дар ду ҳолат маблағи 92000 сомониро гирифтааст.

Дар ивази маблағ Ҷурахон Азимов ба Сафаров О.  бо роҳи сохтакорӣ шартнома дар бораи ҳамкории саҳмгузорӣ дар ташкили сохтмони бинои истиқоматӣ аз 27 апрели соли 2017 ба имзо расонида, маблағи мазкурро тасарруф намуд, афзудааст манбаъ.

Шикоят алайҳи мудири ширкати “Эҳё”: хона ваъда карду надод

Гуфта мешавад, оиди ҳолати мазкур нисбати Азимов Ҷ.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.