Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дороии ташкилотҳои молиявии кишварро феълан ҳудуди 22,5 миллиард сомонӣ гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 30 июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 73 адад ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият мекунанд.

Пешниҳоди 104 миллион доллар барои таъмини талабот дар Тоҷикистон ба пули ИМА

Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон аз ҷумла, 17 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 20 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 адад ташкилоти қарзии хурд ва 29 адад фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Ҷамолиддин Нуралиев дар ҷаласаи васеъ бо иштироки бонкдорон гуфт, ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,5 фоиз ё 852 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3 959,3 млн. сомониро ташкил додааст.

“Дар баробари ин, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 22,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4,8 фоиз афзудааст. Меъёри кифоятии сармоя ба охири моҳи июни соли 2020 аз ҳудуди муқарраршуда 7,7 банди фоизӣ зиёд иҷро гардида, 19,7 фоизро ташкил дод, ки он яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ арзёбӣ мегардад”, - изҳор дошт Нуралиев.