Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳушдори КҲФ ба мардуми Тоҷикистон: хатари COVID - 19 ҳамоно таҳдид мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар  Тоҷикистон хатари паҳн шудани коронавируси COVID -19 боқӣ мондааст, аз ин рӯ ба шаҳрвандон бояд эҳтиёткор бошанд ва тадбирҳои бехатариро ҳифз кунанду тибқи қоидаҳои беҳдоштӣ амал намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони кишвар корҳои таблиғотӣ гузарониданд.

Олимон сабзавотеро ном бурданд, ки коронавирусро нест мекунад

Тибқи “Нақшаи амали Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамчунин бо мақсади қувват бахшидан ба корҳои таъмини беҳдоштиву эпидемиологиии аҳолӣ корҳои таблиғотӣ дар қаламрави бозори “Меҳргон”-и пойтахти кишвар ва истгоҳҳои мошинҳо, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд, ба роҳ монда шуданд.

Эпидемиологи Чин ду шарти асосӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирусро гуфт

"Дар ҷараёни мулоқот бо ёрии мошини махсуси таблиғотӣ ба мардум наворҳои ҷолиби видеоӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ намоиш дода шуданд, ки дар бораи риояи қоидаҳои беҳдошт нақл мекарданд ва ин тадбирҳоро амалан нишон медоданд. Як бахше аз ин наворҳо тиббӣ буданд, ки дар бораи нишонаҳо ва роҳҳои табобати коронавирус ҳикоят мекунанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҳамаи ин мулоқотҳо чораҳои ҳимоя аз коронавирус, аз ҷумла ҳатман пӯшидани ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ риоя шуданд. Ва баъдан ба сокинон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим гардидаанд. 

КҲФ мегӯяд, ҳадафи роҳандозии ин гуна тадорукот ба мардум ироа кардани донишҳо оид ба пешгирӣ аз густариши коронавирус, ҳамчунин ба роҳ мондани омӯзишҳои амалӣ ҳангоми истифода аз воситаҳои ҳимояи шахсӣ мебошад. 

Тавсияҳои КҲФ барои пешгирӣ аз COVID - 19

  • кулли қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунед;
  • ниқоби ҳимоявӣ пӯшед;
  • ба воҳимаҳо дода нашавед;
  • дар ҳоли ҳарорати баланд, сулфаи хушк ва душворӣ дар нафаскашӣ ба духтур муроҷиат намоед;
  • ҳангоми сайругашт дар кӯча, истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ фосиларо риоя намоед;
  • пайваста дастонатонро бо собун бишӯед ва ё аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода кунед;
  • одамони аз 65-сола боло бидуни зарурат аз хона берун нашаванд.