Тоҷикистону Афғонистон хостори тавсеаи муносибатҳо шуданд

Намояндгони ду кишвар дар рафти мулоқот изҳор доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, бояд тавсеа бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Тоҷикистону Афғонистон хостори тавсеаи муносибатҳоянд. Дар ин бора дар рафти мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар зикр гардид.

Сӯҳбати вазир бо чор сафир: кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Тавре ВУХ Тоҷикистон гузориш медиҳад, 15 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар  мулоқот тарафҳо  ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо оид ба ҳамкории ду давлат дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Пештар Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Украина мулоқот карда буд.