Сӯҳбати вазир бо чор сафир: кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ мулоқот намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Украина ва Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар ин бора ВУХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти бо Сафири Чин Лю Бин Сироҷиддин Муҳриддин дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти пешгирии ҳамагирии COVID-2019-ро баррасӣ намуд.
Ҳамдардии Сироҷиддин Муҳриддин бо Тосимитсу Мотэги

"Дар рафти суҳбат бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти мубориза бо ҳамагирии COVID-19 баррасӣ кард",- менависад манбаъ.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ва иқдомҳои муштараки ду мамлакатро дар самти пешгирии шуюи COVID-19 баррасӣ шуданд.

Майкл Помпео бо Сироҷиддин Муҳриддин чӣ масъаларо баррасӣ хоҳад кард?

Дар рафти мулоқот сафири Арабистони Саудӣ  пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо руҳи муносибатҳои мардумони ду кишвар созгор аст, таъкид шудааст.