Раҳмонзода дар ВМКБ: боздид аз сохтмони мактабу бонк то гармхонаҳои Давлатмамадов

Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Тавре қаблан иттилоъ додем, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бо сафари корӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.

Сафари Раҳмон ба ВМКБ: дар Ванҷ мактаб кушоду ба кормандони амният хона дод

Гурӯҳи мазкур 15 июл бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Рӯшон шинос шуда, аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи мазкур аз гармхонаҳои соҳибкори ноҳияи мазкур Ҳамдам Давлатмамадов дидан намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳамдам Давлатмамадов дар хоҷагии деҳқониаш 5 адад гармхонаи муосир ташкил намуда, ҳамарӯза маҳсулоти кишоварзиро ба бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебарорад. Соҳибкор зикр намуд, ки дар ташкили чунин гармхонаҳо ба ҳамдеҳагонаш кумак мерасонад.

Инчунин гурӯҳи корӣ аз сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда, бинои маорифи ноҳияи Рӯшон, ки бо маблағи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад, инчунин аз бинои бонки амонатгузорӣ «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон, ки  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфи  1 миллиону 999 ҳазор сомонӣ сохта мешаванд, шинос шудаанд.

Раҳмонзода зимни суҳбат бо  масъулин  зикр кардааст, ки корҳои сохтмониро сари вақт ва бо сифати аъло ба анҷом расонанд, зеро биноҳои бунёдшаванда бояд солҳои тӯлонӣ ба аҳолии ноҳия хизмат расонанд.

Роҳбари ҳайати гурӯҳи кориро дар ин сафар Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намудаанд.