ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби аудиторони Палата дар 111 муассисаи давлатӣ барои ошкор кардани истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷет санҷиш анҷом доданд.
“Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ба маблағи 89 миллион сомонӣ зиён ошкор гардида, зарари расонида пурра барқарор шуд”, - зикр кард Қарахон Чиллазода.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоб, баргузории санҷишҳои аудиторӣ дар муассисаҳои давлатӣ 45 адад кам шуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта маблағи зиёни ошкоршуда қариб 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Палата аввали сол санҷишҳои аудиториро дар 27 корхонаи истеҳсолкунандаи семент ва маъданҳои кӯҳии кишвар бекор кард.
“Бекор шудани санҷишҳо ба паҳншавии сирояти коронавирус дахл надорад, президент онҳоро ҳанӯз аввали моҳи январ, хеле пештар аз пайдо шудани пандемия дар Тоҷикистон бекор карда буд”, - илова кард Чиллазода.
Ба гуфтаи вай, раисҷумҳур ба хотири мақсади беҳбуди фаъолияти корхонаҳо санҷишҳои аудиториро дар ин корхонаҳо бекор кард.