ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Овозхонони ҷавон ва машҳури Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова суруди дуэт иҷро карда, қисме аз сурудро дар саҳифаашон нашр карданд.
Онҳо яке аз сурудҳои машҳури гурӯҳи "Парем"- "Танҳо дар ёд" - ро бозхонӣ карданд. Дар ин бора Чоршанбе Аловатов дар саҳифаи расимаш дар Инстаграм хабар додааст.
"Дӯстони азиз ба наздикӣ дуэти мо нашр мешавад, биёед ҳамроҳ интизор мешавем", - мегӯяд Чоршанбе Аловатов.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Мадина Акназарова дар саҳифаи расмии Инстаграми худ ба мухлисон қисме аз суруди наваш таҳти унвони "Бадахшони зебо" -ро пешниҳод кард.
Хонум Акназарова таронаи навашро бо забони русӣ пешниҳоди ҳаводоронаш хоҳад кард ва дар навори видеоӣ чанд мисраи онро барои мухлисонаш пешкаш кардааст.
Ин яке аз он чанд сурудҳое мебошад, ки сарояндаҳо ба ватани худ ба забони русӣ бахшидаанд ва ба назар мерасад, ки порча бо тариқи замонавӣ бастубанд мешавад.