ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Рӯзи 14 июл тариқи парвози вижа донишҷӯёни тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Дар умум 170 донишҷӯи тоҷик, ки дар макотиби олиии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, тариқи парвози вижа ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.
"Тоҷик Эйр" шаҳрвандони дармонда дар Кореяро ба Тоҷикистон меорад
Ногуфта намонад, ки ҳамаи тоҷикони аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон воридшударо аввал аз ташхиси тиббӣ мегузаронанд.
Дар сурати манфӣ будани натиҷаи ташхис, мусофирон ба хонаҳояшон мераванд.
Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд
Имомуддин Сатторов қайд кард, ки тариқи ҳар парвози вижа аз 15 то 20 донишҷӯи тоҷик ба Ватан бозгардонида мешаванд.