Чин ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ин масъаларо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин тариқи суҳбати видеоӣ баррасӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати видеоконфронсии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Фавқулода ва Мухтори Чин дар Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд.

Мутахассисон дар Чин монданд: вазири нақлиёт аз халали коронавирус гуфт

Ба иттилои Вазорат, дар суҳбат инчунин масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Чин ба Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону навсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ муҳокима шудаанд.

Инчунин дар ин суҳбат сохтмони бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон таклифу пешниҳодҳои тарафҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Чин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозорҳои Чин хуш пазируфта шудааст.

Дар баробари ин оиди рушди иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди сабукиҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ вобаста ба паёмадҳои ҳамагирии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон мубодилаи афкор шудааст.