Вазири нақлиёт пулакӣ кардани роҳро муфид гуфт

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, пулакӣ кардани роҳҳо дар ҷумҳурӣ муфид аст ва кори ширкати роҳбони IRS-ро далел овард
Sputnik

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Худоёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эҳтимоли пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар, яке аз роҳҳои калидии кишварро, ки феълан дар ҳоли навсозӣ аст, шарҳ дод.

Мутахассисон дар Чин монданд: вазири нақлиёт аз халали коронавирус гуфт

Ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар танҳо баъди ба итмом расондану ба истифода додани он баррасӣ мешавад.

Ӯ дар маҷмуъ ҷонибдорияшро аз пулакӣ кардани роҳ баён дошта, гуфт, аз як ҷиҳат пулакӣ шудани роҳ хуб аст.

Худоёрзода роҳи Душанбе – Хуҷандро мисол овард, ки чӣ қадар техникаи ҳозиразамон дорад, саривақт аз таъмири асосӣ гузаронда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки чунин ҳолат барои иштирокдорони ҳаракат дар роҳ низ аз як ҷиҳат фоидаовар мебошад.

Қаблан гуфта мешуд, ки роҳи Душанбе – Бохтар пурра соли 2022 ба истифода дода мешавад. Аммо ба иттилои вазири нақлиёт, дар пайи хуруҷи коронавирус дар сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар низ бархе мушкилот пеш омадаанд.  Ба гуфтаи ӯ, аз мутахассисони дармонда дар Чин ҳудуди 40 нафарашон дар роҳи Душанбе – Бохтар кор мекарданд.