Чайқовбозор, ки дар рӯзҳои истроҳатӣ назди роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор мешавад, маъмулан серодам аст. Ин ҷо аслан молу ашёи рӯзғор, либосу пойафзол, китобу дафтар ва қисмҳои эҳтиётии мошин ба фурӯш бароварда мешавад.
Бозор чун ҳамагӣ дар як ҳафта ду маротима фаъол аст, аз ин рӯ серодам аст, ҳарчанд замони пандемияи коронавирус бошад ҳам. Миёни издиҳоми харидорон ҳатто нафароне ба чашм мехӯранд, ки бидуни ниқоби тиббӣ дар миёни мардум гашту гузор доранд.
Арӯсиҳои замони коронавирус: бӯсуканор тариқи ниқоб - Акс
Гузашта аз ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ низ дар чунин макони сермағал қариб ғайриимкон аст.
Аммо, бояд қайд намуд, ки фурӯшандаҳои ин бозор новобаста ба гармии тоқатфарсо ниқобпӯш ҳастанд.