Кумаки навбатии Қазоқистон ба Тоҷикистон: дастгоҳҳои нафасдиҳӣ медиҳад

Дастгоҳҳои нафсдиҳии сунъӣ, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон медиҳад, дар вилояти Акмола истеҳсол карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад, гуфт муовини вазири тандурустӣ Людмила Бюрабекова дар як брифинги онлайнӣ

Кумаки башардӯстона: Қазоқистон 5 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ирсол намуд

Номбурда гуфт, ки таҷҳизоти нафасдиҳӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона то охири сол интиқол дода мешавад.

"Ҳама кишварҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд ва кишвари мо низ ба дигарон кӯмаки башардӯстона мерасонанд. Ҳукумати Қазоқистон дар назар дорад, ки то охири сол кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистонро дар шакли дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ фароҳам орад", гуфт Бюрабекова.

Муовини вазири Қазоқистон гуфт, ки дастгоҳҳо барои интиқоли беморон дар мошини ёрии таъҷилӣ метавон истифода бурд. Таҷҳизот дар вилояти Акмолаи кишвар истеҳсол карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон набуда, моҳҳои апрел ва май маводи озуқа аз қабили орд ёрӣ дод.