Фавти ноболиғи 16 - сола аз оташак дар Панҷакент: подабонӣ рафт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани офати табиӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҷони ноболиғи 16 - соларо рабуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Оташак дар вилояти Суғд ҷони як кудаки 16 - соларо гирифт, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рух дод. Навраси 16 - сола ба хотири нигоҳубини чорва ба айлоқ рафт ва дар соати муайяншуда ба хона барнагашт.

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дер омадани ӯ боиси нигаронии волидонаш шуда, онҳо ба хотири пайдо кардани фарзанди худ ба кормандони наҷот муроҷиат карданд.

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон бо гузашти як шабонарӯз ҷисми беҷони ноболиғро пайдо карданд ва мақомоти дахлдор таслим намуданд.

Муайян карда шуд, ки ноболиғ бар  асари оташак ҷон аз даст додааст.