ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Ду нафар сокини 12 - солаи ноҳияи Ванҷ бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз оббозӣ карданд, ки дар натиҷа ҳар ду зери об рафтанд.
Бар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи, ҳодисаи мазкур рӯзи 14 - уми июл дар ҳавзи деҳаи Пайшанбеобод рух дод.
Ба кумаки ду ноболиғ чанд сокини ноҳия шитофта онҳоро аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд.
КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ
Манбаъ меафзояд, яке аз ноболиғон дар роҳ ба бемористон фавтид ва кудаки дигар ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикитсон 34 нафар ҳангоми оббозӣ дар нукоти мухталифи кишвар ғарқи об шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол дошанд.