Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия олудаи коронавирус шуданд

Ташхиси чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус мусбат баромад. Феълан ҳамаи нафароне, ки бо онҳо дар тамос буданд, аз ташхис гузаронда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дасти кам чор нафар аз намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз сафорат.

Сатторов издиҳоми назди сафорат дар Маскавро шарҳ дод

Ба изҳори ин манбаъ, ташхиси чор корманди сафорат аз коронавирус мусбат баромадааст. Ҳамакнун, ҳамаи нафароне, ки бо онҳо дар тамос буданд аз ташхиси коронавирус гузаронда мешаванд.

"Бо вуҷуди ин боқимонда кормандони сафорат бардам ҳастанд ва ҳеҷ нишоне аз ин маризӣ дар онҳо дида намешавад", - таъкид намуд манбаъ.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Олудагии чор корманди сафорат дар ҳолест, ки вақтҳои ахир хоҳишмандони сафар ба ватан назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада бо намояндагони он вохӯрӣ менамуданд.

Гузашта аз ин, дар сафорат феҳрасти хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон омода мешуд, ва муҳоҷирони тоҷик асноди лозимаро бевосита ба сафорат бурда, ба кормандони он таслим мекарданд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди мубтало шудани чор корманди сафорат, дафтар баста намешавад ва ҳамаи кормандон чун ҳарвақта сари кор хоҳанд буд.