Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” хабар дод.

Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои “Наҷм” ва “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кард

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар, қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи  Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” рӯзи 14 июл аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №93 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” бозхонд карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ФҚХ “Шаби Меъроҷ” дар асоси қарори қабулгардида ва дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.