ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад.
Бино ба хабари котиботи кумитаи мазкур, духтари 14 - сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд.
Манбаъ тафсилоти пурратар аз ин ҳодисаро нашр накардааст.
Гуфта мешавад, ноболиғро фавран ба Бемористони рақами 3 дар шаҳри Душанбе интиқол доданд.
Пизишкони ин беморхона пас аз муоинаи духтар изҳор доштаанд, ки бадани ӯ наздики 50 - 55 фисад сӯхтааст.
Ёдовар мешавем, дӯ рӯз пеш дар шаҳри Панҷакент ноболиғи 16 - сола аснои чарондани чорво аз зарби оташак ҷон бохт. Марҳумро наҷотбахшон пас аз як шабонарӯз дарёфт карда ба мақомоти дахлдор супурданд.