ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ду ноболиғи 17 - соларо дастгир намуданд, ки дар латукӯб ва бо корд ҷароҳат намудани ҳамсоли худ гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сокини 17 - солаи пойтахт ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Ба изҳори номбурда, санаи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа дар кӯчаи Борбад ду ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода, зери лату куб қарор дода, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба пойи ҷабрдидаи ноболиғ задааст.
Маст буд: боздошти Ҷононаи 24 - сола барои латукӯб ва таҳқири ду хоҳар дар Душанбе - навор
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Манбаъ меафзояд, яке аз ду ноболиғи авбош қаблан ҳам бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.