ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, риоя нашудани одитарин талаботҳо сабабгори ғарқ шудани мардум мегардад.
Дар асоси «Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда» барои соли 2020, вобаста ба мавсими обозии соли 2020, Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шаҳри Душанбе ва шуъбаи ноҳияи И. Сомонӣ дар соҳилҳои дарёи Душанбе, канали Дереватсионӣ ва кӯли Душанбе пайваста корҳои таблиғотӣ дар мавриди таъмини ҳолатҳои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми шиноварӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ, гузаронида мешавад.
Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид
"Дар айни замон зимни мулоқот бо истироҳаткунандагон маҳалли истироҳату тафреҳгоҳҳо пурра аз назар гузаронида мешаванд ва дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, лавҳа гузошта мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст
Тибқи иттилои манбаъ, пештар ҳам шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳамроҳ бо шўъбаи ВКД-и ноҳия, Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию комуналии ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳое, ки каналу дарё наздик аст бо сокинон ва истироҳаткунандагон суҳбатҳо роҳандозӣ кардаанд.