Додситони кулл: раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон таъкид дошт, ки парвандаи собиқ раиси шаҳри Кӯлоб дар ҳолли баррасӣ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе  зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шудааст.

“Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб барои дағалона вайрон кардани ҷиноятҳои марбут ба замин ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, - қайд кардааст Юсуф Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Моҳи гузашта нирӯҳои амниятии Тоҷикистон Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро бо гумони "фасодкорӣ" дастгир карданд.

Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

Рӯзи 8-уми июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки маъмуронаш Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми "фасодкорӣ" дастгир карданд.

КДАМ хабар дода буд, ки 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Баҳром Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри содир намудаанд.

"Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд",- хабар дода буд КДАМ Тоҷикистон.

Ҳамзамон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз шуда, садҳо нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Юсуф Раҳмон, афзуд, 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда ва беш аз 6286 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввал баргардонида шудааст. Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомонӣ барқарор карда шуд.