Бек Сабур куҷост? Суоли нобоби нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа

Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, боз дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат накард. Муовинаш ин дафъа дақиқ гуфт, ки ӯ куҷост
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат накардани раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотиро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, мавсуф пайи иҷрои вазифаҳои хидматӣ аст.

“Раиси Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад. Ӯ бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ба он ҷо рафтааст”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.
Худсарӣ: дастури санҷиши ширкати писари Бег Сабур ва таҳдиди бастан

Адами ҳузури Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз суолҳоест, ки чанд сол ба ин сӯ дар нишастҳои матбуотӣ бо масъулини ин ниҳод матраҳ мешавад. Далели ба миён омадани ин суол ҳам ин аст, ки раиси Хадамоти алоқа дар қиёс бо дигар раҳбарони вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунад ва бино ба иттилои расонаҳо, бо тиҷорату корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.

Як манбаъи огоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бек Сабур тайи солҳои ахир бештар бо тиҷорат ва ҳам истифодаи заминҳои Хадамоти алоқа машғул буда, пешрафтҳое низ дар корҳояш доштааст.

“Ширкати сохтмонии ӯ - “Комил 2010” арзонтарин хонаҳоро барои муштариён ироа мекунад. Дар заминҳои деҳқониаш ӯ маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия ва ба бозор мебарорад. Онҳое, ки бо ӯ наздиканд, аз корҳои хуби ӯ хуб огаҳӣ доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

Бек Сабур соли 2006 муовини аввал ва 28 феврали соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то ба ҳол дар ин симат кор мекунад. Дар оғози фаъолияташ ӯ дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ширкат карда, изҳороти ҷолиберо ироа мекард, ки ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор медод.

Аз ҷумла соли 2012 ӯ сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ва интернет дар Бадахшонро “асобати тири шикорчӣ ба ноқил” арзёбӣ карда буд. Ё соле қабл ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки китобҳои Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла “Марги судхӯр”, намунаи барҷастаи “тиҷорати қавӣ” мебошанд.

Ба эҳтимоли қавӣ, изҳороте аз ин гуна ва он ҳам аз сӯи раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ мӯҷиби ҳузур наёфтанаш дар нишастҳои матбуотӣ шудааст.