Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД аз бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ соати 1-и шаб, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40-сола дар Конибодом

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.