ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ба 16 ҳазору 229 нафар баробар буд.
Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.
Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.