ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 13 июл дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 595 нафар расид.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5 ҳазору 278 нафар ё худ 80%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.
"Шабонарӯзи охир 184 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 50 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.