ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.
Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.
Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.
Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал" ба муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки навбатӣ расонид, ки он аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.
Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо
Сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ тақдим намудааст.
Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.