Хонаи осебдидагон дар Хуросон бомпӯш шуд-акс

Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

Носирҷон Маъмурзода, роҳбари бахши таҳлилу иттилооти Дастгоҳи раиси Хатлон имрӯз иттилоъ дод, ки то имрӯз қариб тамоми 67 хона, ки имрӯзҳо дар маҳаллаи амни Чорбоғ (Деҳқонобод) сохта мешаванд, аллакай бомпӯш шудаанд.  Алъон корҳои андовакунӣ ва рангуборсозӣ ҷараён дорад, таъкид кард Маъмурзода.

Мақомоти Хатлон мегӯянд,  таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст.