ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт, теъдоди муштариёни мобилии сабтшуда дар Тоҷикистон 7 миллиону 25 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.
Манбаъ мегӯд, шумораи корбарони интернет дар кишвар, бо назардошти корбарони интернети мобилӣ, 3,18 миллион нафарро ташкил медиҳад.
То 1 июли соли ҷорӣ шумораи муштариёни ҶСШК “Тоҷиктелеком”, ки зери назорати Хадамот аст, 276 ҳазору 796 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазору 574 муштарӣ камтар аст.
Илҳомҷон Атоев гуфт, то 30 июни соли 2020, бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаҳои баъди (ID-корт) соли 2014 ба 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ расид.
Интиқоди Раҳмон аз интернети суст ва дастур ба Хадамоти алоқа
Ба гуфти ӯ, ҳоло 2 миллиону 957 ҳазору 293 нафар шахсоне, ки SIM-кортҳо дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба сабт шудаанд, то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд.
Ёдовар мешавем, қаблан мӯҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо то 15 феврали соли 2020 буд ва баъдан пурра то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шуд.