ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия гфт тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст.
Номбурда ин нуктаро имрӯз зимн нишасти хабарии вазорат иттилоъ дода гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд
Номбурда гуфт, бештари ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Cуғд ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 1922 мерасад.
Хатлон 1930
Омори ҷудошавии оилаҳо дар ВМКБ 80, дар чор навоҳии пойтат 930 ва дар ноҳияҳои теби марказ ба 1323 мерасад, гуфт, Саодатбибӣ Сироҷзода.
Гуфта мешавад, камшавии оилавайроншавӣ танҳо тайи се моҳи охир ба назар мерасад.
Ёдовар мешавем, бар асоси оморҳои расмӣ давоми як соли гузашта 12 ҳазору 482 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ду соли гузашта 1 ҳазору 469 ҳолат зиёд будааст.