Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Шоҳрух Хон, Амир Хон ва Салмон Хон аз дидор бо нахуствазири Исроил парҳез карданд

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онҳо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.