Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Иқтисодшиносон тавзеҳ доданд, ки арзиши доллар ва рубл дар моҳи август аз кадом омилҳо вобаста хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Феълан бозори асъори ҷаҳониро вазъи пандемияи коронавирус идора мекунад, гуфтааст коршинос  Марк Гойхман дар мусоҳиба бо "Российская газета".

"Сенарияи неки арзиши рублу доллар аз паси сар шудани давраи тезу тунди пандемия, хусусан дар Аврупо вобаста аст. Он дороиҳои хатарнокро тамоми ҳафтаи равон, аз ҷумла аксияҳо, нафт ва рублро дастгирӣ мекард. Аммо охири ҳафта афзоиши сирояти коронавирус ба бозор бетаъсир намонд", - гуфт коршинос.
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Ӯ таъкид бар рекорди нави афзоиши сирояти коронавирус дар Амрико, Чин, Ҷопон ва Австралия кард.

"Ду тамоюли короновирусии бо ҳам муқобил, бо ҳам пайваст шуда, раванди таҷаммӯи дороиҳои хатарнокро суст карданд, ки байни онҳо рубл низ ҳаст. Онҳо дар мувозинати заифе монданд", - тавзеҳ дод вай.

Коршинос тахмин мезанад, ки рӯзҳои наздик барои рубл тағйирот меоранд. Сабаби асосӣ дар вазъи номаълуми натиҷаҳои рӯйдодҳои ахир ва вазъи бозор мебошад.

Бино бар пешгӯии коршинос, ҳафтаи сеюми июл доллар метавонад ба 68,9 то 72,5 рубл баробар шавад, евро 78,3-81,6 рубл хоҳад шуд. 

Ба арзиши рубл дар моҳи август панҷ омил таъсир мерасонанд, мегӯяд Гойхман.

Аввалинаш, ба гуфтаи вай, ба анҷом расидани давраи пардохти дивидентҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба анҷом мерасад. Дувум, мегӯяд коршинос, табдили фоидаи рубл ба асъор аз ҷониби саҳмдорони бузурги аксияҳои русӣ дар хориҷ мебошад.

"Пас аз коҳиши нархи калидӣ Бонки марказии Русия тадриҷан даромаднокии сармоя ба авроқи қарзии Русия аз ҷониби шахсони ғайри муқимро кам мекунад, ки ин омили севум аст", - афзудааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи ӯ, омили чорум аз ҷониби Бонки марказӣ кам шудани фурӯши асъор бо роҳи "қонуни буҷавӣ" мебошад. 

Ва дар охир, омили панум, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ бо далели воридоти амволи хориҷӣ пас аз карантин мебошад, афзуд вай.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Марк Гойхман боварӣ дорад, ки ин панҷ омил боиси поён рафтани арзиши рубл мешавад.

"Дар моҳи август арзиши доллар метавонад ба 73-74 ва арзиши евро ба 82-83 рубл баробар шавад", - мегӯяд коршинос.