Дари тамоми масоҷиди Ӯзбекистон баста шуд

Ӯзбекистон бо далели афзоиши рекордии сирояти коронавирус дар кишвар дари тамоми масҷидҳояшро баста, аз сокинон хоҳиш мекунад, ки намозҳояшонро дар хонаҳояшон гузоранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз таътилии тамоми масоҷиди ин кишвар то аввали август хабар дод.

Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт
Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ навиштааст, ки манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "сурх" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекистон, ки дар минтақаи "сабз" қарор доранд, аз 8 июни бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

Ёдрас мешавем, кишвар баъди бурузи вирус дар ҷумҳурӣ минтақаҳоро вобаста ба паҳншавии коронавирус ба минтақаи "сабз" ё "сурх" ҷудо карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторони вабои аср ба қайд гирифта шуд.

“Ковипир”: Ӯзбекистон тасмим дорад истеҳсоли доруи зидди коронавирусро ба роҳ монад

Бар пояи омори ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар ҳудуди Ӯзбекистон 500 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавруси навъи COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии беморон аз 12,7 ҳазор кас бештар шуд.