Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

Додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрвандон Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидовро дар муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба маблағи 74066 сомонӣ ҷарима кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳи Душанбе Дилшод Қосимов, раиси ширкати “Тоҷикояндасоз” ва Фарҳод Саидов, коргари ҳамин ширкатро барои амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ,  ба як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима кард. 

Аз коҳиши рубл то суқути доллар: Бонки миллӣ арзиши асъорро барои имрӯз эълон кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти тафтишот муайян кард, ки Дилшод Қосимов, роҳбари ширкти “Тоҷикояндасоз”, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо менеҷер-муҳосиби ҷамъияти мазкур Фарҳод Саидов хилофи талаботи қонунгузории кишвар амал намуда, 30 январи соли 2020 ба номи Олимҷон Яқубов ва Сафаралӣ Каримов шартномаҳои алоҳида ба маблағи 2000 долларии ИMA барои гирифтани раводиди “Шенген”, ки сафар ба давлатҳои Аврупо, бахусус Литваро, имконпазир менамояд, ба имзо расондааст.

Гуфта шудааст, ки ширкати мазкур ба хизматрасонии барасмиятдарории ҳамагуна ҳуҷҷатҳои барои гирифтани раводиди давлатҳои хориҷӣ алоқаманд машғул мебошад.

“Аз шахси мусоидаткунандаи милитсия, ки ба сифати мизоҷи шартӣ баромад мекард, маблағи 3300 долларро бо қурби 9,7 сомонӣ барои 1 доллар баробар ба 32 010 сомонӣ ва 6950 сомонӣ, ки бояд, дар маҷмӯъ 4000 долларро ташкил медодааст, қабул карда, бо ин ҳаракатҳои худ амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамин тавр, бо ҳукми суди ноҳияи Сино Дилшод Қосимов ва Фарҳод Саидов бо моддаи 286 қисми 3 банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, дар асоси он ҷарима ба андозаи як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 74 066  сомонӣ барои ҳар кадоме ба фоидаи давлат таъйин шудааст.

Бояд гуфт, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” харидуфурӯши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон ба воситаи бонкҳои ваколатдор, ташкилотҳои кредитии ваколатдори дигар ва нуқтаҳои мубодила, ҳамчунин, ба воситаи биржаҳои асъор, ки ба тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.