Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Таъсири COVID -19 ба туйҳои арӯсию домодӣ дар Хуҷанд

Зарфи як моҳ, яъне аз замоне, ки Ситоди ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 ба баргузории маъракаҳои туйи домодию арӯсӣ иҷоза дод, дар шаҳри Хуҷанд 47 ҳолати бастани ақди ниқоҳ сабт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) дар шаҳри Хуҷанд мегуянд, бемории COVID - 19 ҳатто ба баргузории маросимҳои ақди никоҳ таъсири худро расондааст.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Фирӯза Раҳимӣ, мудири хонаи ақди никоҳ дар Хуҷанд гуфтааст, ки танҳо дар як моҳи охир аз замоне, ки Ситоди мубориза бо COVID – 19 барои баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод, дар шаҳри Хуҷанд дар умум 47 мавриди бастани ақди ниқоҳ доир шудааст. Бино ба гуфтаи Раҳимӣ, ин теъдод назар ба моҳҳои гузашта ба маротиб кам будааст.

Ду тӯй дар як хонавода: арӯс ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

Ситоди пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 баъд аз як моҳу бист рӯзи мутавақиф гузоштани маъракаҳои мардумӣ, рӯзи 20-уми июн бо муқарраротҳои нав аз қабили риояи бастани ниқоб барои ҳамаи иштирокчиён ва танҳо баргузор намудани як маърака дар як рӯз ва он ҳам бо иштироки то 100 нафар, дар маҳалла ва тарабхона ба баргузории туйҳои арӯсию домодӣ иҷоза дод.

Абдуғаффор Ҷабборов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Суғд чанде пеш дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки риояи ин муқарраротҳо дар вақти баргузории маъракаҳо, аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳо назорат мешавад.

"Ба ҳамаи роҳбарони туйхонаҳо пешниҳод дода шудааст, ки баргузории маъракаҳоро дар доираи муқарраротҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 доир намоянд. Даромад бо ниқобҳои муҳофизатӣ барои ҳар як иштирокчии туй, ҳатто арӯсу домодро назорат кунанд, фосилаи ҷои нишаст барои иштирокчиёнро нигоҳ доранд. Инчунин дар даромадгоҳҳо бояд дастгоҳҳои ҳароратсанҷ (тепловизор) фаъол карда шуда, маводи антисептикӣ, дастмолҳои яккарата ва маводи дастшӯӣ (собун) таъмин карда шавад", - гуфт Ҷабборов.

Ҳоло волидоне, ки барои баргузории туйи фарзандонашон зарурат доранд, тибқи муқарраротҳои Ситоди пешгирии COVID – 19 дар доираи маҳдуд баргузор мекунанд. Аммо бархеи дигар интизор доранд, ки “вируси корона” ба пуррагӣ маҳв гардад ва онҳо туйи аъзои хонаводаи худро дар доираи васеъ ва бидуни ниқоббандӣ доир кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола то 60 ҳазор бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад, ки аз ин шумор бештар аз 23 ҳазор маврид ба вилояти Суғд рост меояд.