Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро мунташир намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Фавти боз як бемор аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди умумии қурбониён 55 нафар арзёбӣ мешавад.

"Шабонарӯзи охир 196 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 61 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.