Кумакпулии раиси Суғд ба 77 нафар наврасону донишҷӯён

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба 77 нафар кӯдакон ва донишҷӯёни дорои имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд кумакпулӣ ҷудо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Асрор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба 72 нафар маъюбони навраси синну солашон гуногун ва 5 нафар донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд кӯмакпулии яквақта ва туҳфаҳои хотиравӣ дастрас кард. 

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

Асрор Шарифзода изҳор доштааст, ки парастории маъюбон ва пирони барҷомонда барояшон амали муқаррарӣ буда, ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро ёфтааст.

"Ҷорӣ кардани имтиёз ва аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём, аз тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои дастгирии моддию маънавӣ равона карда шудааст. Дар шаҳр онон бо дастгирии моддию маънавии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд фаро гирифта шудаанд", - омадааст дар иттилоияи котиботи ҳукумати Хуҷанд.

Манбаъ афзуд, ки ба маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои 62 нафар бошандагон низ кумаки моддӣ ҷудо карда шуда, барои 2 нафар маъюбони шаҳри Хуҷанд аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.

Котибот илова намуд, ки тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 20 нафар шахсони маъюб аёдат карда шуда ба ҳамаи онҳо маводи ниёзи аввал дастрас гардид.