Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.