Ҷанҷоли хонаводагӣ: почо хоҳари ҳамсарашро бо гулмехи оҳанин зад

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дасгир карда шуд. 

Бо кумаки интернет марде, ки фарзанди маъюбашро барои талбандагӣ истифода мебурд, ҷазо ёфт

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, тахминан соати 12:00 дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо хоҳари ҳамсараш зани 44-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо гулмехи оҳанин 1-маротиба ба дасти чапаш задааст.

Мувофиқи хулосаи ТСТ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.