Мақомот Тоҷикистон як қисми қарзҳои ширкати “Тоҷик Эйр”-ро мебахшад

Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”, ки дар даврони пандемия, шаҳрвандони кишварро аз хориҷ ба Ватан бозмегардонад, кумаки молиявӣ меросонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 як қисми қарзҳои ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” аз ҳисоб хориҷ карда мешаванд.

Баҳси “Скайроуд Лизинг” ва “Тоҷик Эйр” барои 20 миллион доллар ба додгоҳи Амрико расид

Иттилоъ дода шудааст, ки давлат бо бахшидани як қисми қарзҳо ҳудуди 19 миллион сомонӣ ба ширкати ҳавоӣ кумаки молиявӣ мерасонад.

Маблағҳое, ки ширкати “Тоҷик Эйр” аз ду шикати Ватанӣ қарздор аст, аз ҳисоби озод кардани ин ду ширкат аз пардохти андозҳо ба маблағи 19 миллион сомонӣ бахшида хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ба далели мушкилоти молиявӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ карда буд.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Дар даврони пандемия ин ширкати ҳавоӣ бо дархости шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо рейсҳои чартерӣ анҷом медиҳад.