Тӯфони сахт ва чангу ғубор: ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз тӯфони сахт ва чангу ғубор ҳушдор дода гуфт, чӣ гуна бояд худро аз хатар эмин нигоҳ дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад.

"Суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад. Маъмулан ин гуна вазъ метавонад сабабгори сар задани тӯфон аз чангу ғубор шавад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват мекунад ба беморони гирифтори рагу дил, қанд, фишори хуни ҳадди боло бештар диққат диҳанд.

Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва кӯҳгардон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз маконе ба макони дигар қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва аз сангрезиши эҳтимолӣ ҳушёр бошанд. 

Дар ин гуна рӯзҳои чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинон ва меҳмонони кишвар

  • Бештар об бояд нӯшид, ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва ба қадри имкон то 0,5 литр оби минералӣ.
  • То имкон доред, тирезаҳои хонаҳоятонро пӯшида нигоҳ доред. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин ҳолат дар соатҳои аввали субҳ аст. Ин замонест, ки моддаҳои ҳалношудаву муаллақ дар фазои атроф мутамарказ мешавад. Наздики нимирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва ин ҳама модаҳои муаллақи ҳалношуда зери фишори  дамои гарм ба боло меравад. Дар ин ҳолат метавон тирезаи бозро бо дока ва ё тӯр пӯшонд, вале фаромӯш накунед, ки он бояд дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.
  • Дар хона бояд рубучини банам гузаронед, талош кунед ҳавои он ҳамеша тоза бошад.
  • Дар ин гуна рӯзҳо духтурон ба хотири мушкилот барои чашмон истифодаи ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. Чашмонатонро ҳам эҳтиёт кунед. 

Тавсия барои онҳое, ки бемории зиққи нафас доранд ва ё аз аз касалиҳои шуш ранҷ мебаранд:

  •  меъёри доруҳои мавриди истеъмолро кам накунед,
  • ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед,
  • агар талабот ба истифодаи ингляторҳо аз 4 то 6 маротиба дар рӯз беш шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. 

КҲФ ҳамчунин даъват карда, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шаҳрвандон бо телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 223-13-11, 93 880 28 19 муроҷиат намоед.