Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.