Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Лентаҳои сурхи замони COVID -19 дар бозори “Панҷшанбе”

Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ба хотири риоя шудани масофаи иҷтимоӣ байни хариддорону фурӯшандаҳо ба масъулини бозорҳо дастур додаанд, ки дар растаҳои фурӯши маҳсулот лентаҳои сурх кашанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Гуфта мешавад муқаррароти нигоҳ доштани масофа ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" аст.

Бо дастури масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, имрӯз чунин лентаҳои сурх дар бозори “Панҷшанбе” - и Хуҷанд насб карда шудааст, ки минбаъд масофаи байни фурӯшанда ва хариддоронро нигоҳ медорад.

Ғаниҷон Почоев, раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо дастури масъулин, ба насби лентаҳои сурх дар саҳну атрофи бозор машғул шудаанд.

Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Суғд, ҳамарӯза дар бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди вилоят барои огоҳии мардум аз хатари паҳншавии бемории коронавирус корҳои профилактикӣ мегузаронанд."Ҳамин рӯз ду се нафар аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба бозори Панҷшанбе омада ба мо чунин дастур доданд. Мо ин муқаррароти онҳоро ба иҷро расонида, дар растаҳои бозор лентаҳои сурх насб намудем", - гуфт Почоев.
Омори шаҳри Панҷакент: 383 шифоёфтаву 8 фавт аз 394 гирифтори "илтиҳоби шуш"

Раиси соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” гуфт ба ҷуз насби лентаҳои сурх, онҳо инчунин аз тариқи баландгӯякҳо ба сокинон эълон мекунанд, ки қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоят кунанд.

"Мо эълони тавсияи ниқоббандиро сабт кардаем ва ҳаррӯз он чанд маротиба садо медиҳад", - гуфт Почоев.

Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 9-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6410 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунанд, ки аз коҳиш ёфтани ин маризӣ бепарво набуда, тавсияи табибонро риоя кунанд.