Эстакада дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо
Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид.