Тоҷикистонро заминларзаи 4 - балла такон дод

Маркази заминларза 165 километр дуртар аз самти шимолу шарқии Душанбе ва 11 километр дуртар аз самти ҷанубии ноҳияи Спитамен ҷойгир мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон субҳи имрӯз замин ларзид, хабар медиҳад California Earthquake Authority.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминларза рух дод
Бар хабари манбаъ, заминҷунбӣ соати 11:40 дақиқа сурат гирифт. Қувваи ларзиши замин 4,3 дараҷаи Рихтерро ташкил дод.

Гуфта мешавад, маркази заминҷунбӣ ҳудуди 33 километр дуртар аз шаҳри Хуҷанд ва 134 километр дуртар аз шаҳри Тошканд рух додааст.

Алъон гузоришҳо дар мавриди талафоти ҷонӣ ва молӣ рӯи даст нест.

Зилзила дар Бадахшон, барфи аввали Душанбе ва рухдодҳои дигари ҳафта

Манбаъ меафзояд, заминларза бо таҷҳизоти пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ИМА, Русия ва Олмон сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод: чанд манзили сокинон хароб шуд

Бино бар иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологии кишвар, 4 июли соли равон, соати 14:52 дар ҳудуди кишвар зилзила ба қайд гирифта шуд. Маркази он 201 километрии шимолу шарқии Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод гуфта шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ, қисман манзилҳои сокинон дар қишлоқи Дараи Нушори ҷамоати қишлоқи Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати қишлоқи Ширинчашма  ва қишлоқҳои Ғанишобу Сафедоби ҷамоати қишлоқи Қалъаи лаби об қисман зарар диданд.