ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.
"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.
Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.
Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.